Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарҳои мухталиф аз фалокати Майхураи Анзоб


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ҳам наметавонанд, шумори қурбониёни тарма дар мавзеъи Майхураи шоҳроҳи Анзобро муайян кунанд. Сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҳайдар Муҳаммадиев бо сабаби бад шудани обуҳаво дар маҳалли ҳодиса амалиёти наҷоти офатзадагон қатъ шудааст, вале намояндаи Вазорати роҳу нақлиёти кишвар ин нуктаро рад кард ва гуфт, амалиёт идома дорад. Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳалокати танҳо ду нафарро дар ин фалокат тасдиқ карда метавонанд. Лекин ба нақл аз ҳамин мақомот шабакаҳои телевзионии Русия дар бораи 5 кушташуда иттилоъ доданд ва хабаргузориҳо имрӯз низ такрор мекунанд, ки дар бафркӯч на камтар аз 16 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG