Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли таҳкими ҳузури ҳарбии Фаронса дар Афғонистон


Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, ки бо як сафари эълоннашуда, аз Афғонистон дидан кард, мегӯяд, кишвараш метавонад ҳузури сарбозон ва полиси худро барои тамрини нирӯҳои Афғонистон таҳким диҳад. Вай гуфт: "Мо, эҳтимолан, ҳузури ходимони фаронсавиро, ки ба тамрини артиши Афғонистон машғуланд, зиёд мекунем. Мусаллам ин аст, ки мо паёми хуруҷ намедиҳем, зеро чунин паём дар ҳоле ки терроризм дар ҷаҳон тохтутоз дорад, забункунанда хоҳад буд." Саркозӣ афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд, кори худро дар нимароҳ бигузорад ва роҳ диҳад, ки давлати Афғонистон ба дасти террористон биафтад. Фаронса дар Афғонистон зиёда 1000 сарбоз дорад, ки асосан дар Кобул ва Қандаҳор ба сар мебаранд. Таъмини икмолотии ин нирӯҳо ба воситаи гурӯҳи сарбозон ва ҳавопаймоҳои Фаронса дар Тоҷикистон ба амал меояд. Тибқи хабарҳо, Саркозӣ ҳамчунин мақсад дорад, дар Тоҷикистон аз сарбозони Фаронса дидан кунад.
XS
SM
MD
LG