Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз озодии баён дар Арманистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ҳамла ва зӯроварӣ ба матбуоти Арманистон изҳори нигаронӣ кард. Миклош Ҳараштӣ, намояндаи озодии матбуот дар ин созмон гуфт, имкон дорад, бар асари даъвои мақомот шабакаи Гала ТV-и Арманистон аз фаъолият бозмонад. Дар нома ба вазири умури хориҷии Арманистон, Вартан Осканян, Ҳараштӣ инчунин аз инфиҷори 13-уми декабр дар рӯбарӯи дафтари нашрияи оппозисюнӣ дар Еревон изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG