Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Майхура амалиёти наҷот идома дорад


Амалиёти наҷоти офатзадагони тарма дар мавзеъи Майхураи роҳи Анзоб дар ҳоле идома дорад, ки манобеъи гуногун аз ҳалокати 2 то 16 нафар дар ин ҳодиса хабар медиҳанд. Даҳҳо мошини боркаш ва сабукрав зери қабати ғафси барф мондаанд ва маълум нест, сарнишинони онҳо зери барфанд ё пеш аз фуруд омадани тарма наҷот ёфтаанд. Сардори ситоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҳайдар Муҳаммадиев гуфт, ба камияш 16 нафар бо мошинҳо зери барф мондаанд. Вале сардори ситоди кумитаи вазъиятҳои фавқулодаи кишвар Маҳамдулло Ҳалимов мегӯяд, то ҳол ҷасади панҷ нафар дарёфт шудааст
XS
SM
MD
LG