Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии эътирозгарони Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон наздик ба 30 намояндаи яке аз ҳизбҳои мухолифро, ки рӯзи ҷумъа ҳангоми ташкили тазоҳурот зидди натиҷаҳои интихобот дастгир карда буданд, озод намуданд. Эътирозҳо дар Бишкек дар ҳоле ба амал омад, ки ҳизби "Отамакон" дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе ноком шуд. Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, "Отамакон" натавонист, дар шаҳри Уш аз монеъаи нимдарсада убур кунад, вале раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин натиҷаҳои тақаллубиянд. Нозирони ғарбӣ бар инанд, ки интихобот ба талаботи демократӣ ҷавобгӯ набуд.
XS
SM
MD
LG