Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори дақиқи қурбониёни тарма маълум нест


Худравҳо аз зери тармаи 3-6-метра кашида мешаванд
Худравҳо аз зери тармаи 3-6-метра кашида мешаванд

Манобеъи хабарӣ шумори ҳалокшудагон бар асари фурӯрезии тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷандро гуногун, аз 2 то 16 нафар, эълон кардаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, даҳҳо адад худрав зери тӯдаи чандметраи барф мондааст. Шоҳроҳи кӯҳистонии Душанбе-Хуҷанд пойтахтро бо устони Суғди Тоҷикистон пайванд медиҳад ва маъмулан дар мавсими сармо ин роҳ бисёр хатарзо мешавад.

Шоми рӯзи ҷумъа ба шанбе бар асари барфбории зиёд дар ҷамоати Майхураи ноҳияи Варзоб, 70-километрии шимоли Душанбе, якбора чанд тарма ба сари мошину ронандаҳо фуруд омад. Дар пайи он қитъаи роҳ то нақби Анзоб ба дарозии 12-километр бо барфи баландияш аз 3 то 6 метр баста шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шумори фавтидагон ба 16 мерасад ва эҳтимол аст, ин шумори ниҳоии қурбониёни тарма набошад. Аммо Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, танҳо ду ҷасадро бар асари ковишҳои зери барф кашф кардааст. Мунира Назариева, подполковники Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, бо тайиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, «мо алъон иттилоъи комил ва дақиқи ҳодисаро рӯйи даст надорем. Наҷотбахшони кумита ҷасади ду нафарро аз зери барф берун кашиданд. Алоқа бо гурӯҳҳои наҷотбахш, ки дар мавзеъи офатзада кор мебаранд, нест. Мо ҳатто аниқ намедонем, ки чӣ миқдор мошин зери барф боқӣ мондаанд…»

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳамчунин 12 худрави зери тӯдаи барфмондаро берун овардаанд, аммо гуфта мешавад, беш аз 30 мошини дигар дар инҳисори барф боқӣ мондаанд. Ҳамзамон вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, се рӯзи пеш ҳам тармахезӣ наздики 60 адад худравро мунҳариф карда буд, аммо рӯзи 21-уми декабр ниҳодҳои изтирорӣ тамоми ба истилоҳ, «асирон»-и тармаро раҳо карданд ва ин тарма дар қиёс бо барфрезии шоми рӯзи ҷумъа, хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Барои наҷоти афроде, ки зери тарма мондаанд, натанҳо нерӯҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, вазороти корҳои дохила ва нақлиёт равона гардидаанд, балки сокинони маҳаллӣ ва роҳсозони чиноӣ низ ҷалб шудаанд. Ҳоло ҳаракати ҳама гуна нақлиёт дар масири Душанбе-Хуҷанд қатъ шуда, ниҳодҳои марбута ба тоза кардани 12 километр роҳ аз мавзеъи Майхура то нақби Анзоб машғуланд. Бориши барф дар мавзеъҳои тармазада ҳанӯз идома дорад ва ба қавли наҷотбахшон, хавфи фурӯ омадани тармаҳои дигар низ дар миён ҳаст.

XS
SM
MD
LG