Пайвандҳои дастрасӣ

Beeline сарпарасти Кумитаи олимпии Тоҷикистон шуд


Маъракаи эълони сарпарастии Beeline аз Кумитаи олимпии Тоҷикистон

Маъракаи эълони сарпарастии Beeline аз Кумитаи олимпии Тоҷикистон

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Таком», ки ҳамчун ширкати мобилии Beeline маъруф аст, сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гардид.

Бар асоси қарордоде, ки дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷониби раиси ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев ва раҳбари ҶММ «Таком» Игор Пилюгин дар ҳузури рӯзноманигорон ба тасвиб расид, Beeline барои омодагӣ ва ширкати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Бозиҳои XX1X тобистонаи олимпии соли 2008 ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

Оқои Раҷабалиев ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар ҳамин ҳол се варзишгари Тоҷикистон –Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, Расул Боқиев дар навъи гуштии дзю-до ва Юсуф Абдусаломов дар намуди гуштии озод соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин гардидаанд. Соли оянда боз намояндагони риштаҳои дигари варзиш, ба мисли бокс, гуштии фарангӣ ё юнонию румӣ, камонварӣ, варзиши сабук, тирандозӣ ва таэквон-до барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард. Оқои Раҷабалиев афзуд: «Вале мо сад дар сад гуфта наметавонем, ки варзишгарони кишвар дар кадом ришта соҳиби медали тилло мешаванд, аммо бовар дорам, ки дар риштаҳои гуштии озод ва дзюдо медал ба даст меорем. Ва дар ин кор ба мо сарпарасти кулли тими мунтахаби олимпии кишвар – ширкати Beeline кӯмак хоҳад кард. Мо соҳиби маблағи кофӣ хоҳем шуд ва беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Пекин хуб омодагӣ хоҳанд гирифт.»

Игор Пилюгин, раиси кулли ҶММ «Таком» дар бораи ҳавасмандкунии варзишгарони тоҷик ба хабарнигорон гуфт,

мо ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаем ва барои ҷоизадорони олимпӣ аз Тоҷикистон мукофоти пулӣ таъсис хоҳем дод.

XS
SM
MD
LG