Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни тарма дар Тоҷикистон номаълум аст


Хабаргузориҳои байнулмилалӣ ва Тоҷикистон субҳи имрӯз аз ҳалокати 16 нафар дар тармаи шадиди шоҳроҳи Душанбе--Хуҷанд иттилоъ доданд. Онҳо мегӯянд, ин шумораро аз намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гирифтаанд. Вале масъули Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтааст, то ҳол танҳо ҳалокати ду нафарро дар ин барфкӯч тасдиқ карда метавонад. Хабаргузории Ройтерз дертар гузориши худро тасҳеҳ кард ва низ шумораи кушташудагони коҳиш дод. Аммо аксари манбаъҳо гуфтаанд, ҳанӯз даҳҳо мошин дар зери барф буда, шумораи кушташудагон дақиқ намебошад.
XS
SM
MD
LG