Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба равобити хуб бо Эрон омодааст


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, мегӯяд, агар Теҳрон тибқи Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худро қатъ кунад, Вошингтон омодааст, ба беҳбуди равобит бо Эрон иқдом ниҳад. Райс ин нуктаро дар посух ба пурсише изҳор дошт, ки оё ӯ омодааст, ба Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Сурия сафар кунад. Вай гуфт, Вошингтон ҳамоно хостори басти савуми таҳримҳои Созмони Милал зидди Эрон аст ва афзуд, бовар дорад, ки ин таҳримҳо дар соли оянда эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG