Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Покистон масъулони таркишро меҷӯяд


Полиси Покистон ҳодисаи таркиш дар масҷиди наздикии Пешоварро таҳқиқ мекунад, ки бар асари он зиёда аз 50 нафар кушта шуданд. Дар ҳоле ки ҳеч гурӯҳ ё шахс масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтаанд, полис ҳадс мезанад, ки таркиш эҳтимолан ба ситезаҷӯёни Ал Қоида ё тарафдорони ҷунбиши Толибон марбут мебошад. Инфиҷор рӯзи ҷумъа ҳангоми намози Иди Қурбон дар маҳаллаи зисти собиқ вазири умури дохилии Покистон Офтоб Шерпао ба амал омад. Шерпао аз ҳампаймонҳои наздики президент Парвиз Мушарраф ва яке аз мухолифони сарсахти ситезаҷӯёни исломист. Вай дар инфиҷор осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG