Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беҳтарин хабарнигорони варзиши соли 2007


Маъракаи эълони натоиҷи озмун

Маъракаи эълони натоиҷи озмун

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши мамлакат бар асоси озмун беҳтарин хабарнигорони соҳаро дар соли 2007 муайян карданд.

Ба қатори даҳ хабарнигори беҳтарин инҳо дохил шуданд: шореҳи варзиши радиои «Озодӣ» Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Хуршеди Ҷовид (Шамсиддин Насриддинов), шореҳони варзиши шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон Алӣ Шарифов ва Раҳматшо Обидов, хабарнигори бахши форсии «Овози тоҷик»-и радиои Тоҷикистон Заррина Абдулвоҳидова, шореҳи варзиши рӯзномаи «Минбари халқ» Бобо Расулзода, хабарнигори мустақил Мирзосафар Шамсиддинов, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Сайидо Назаров, шореҳи варзиши ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Эмоми Назариён ва хабарнигори ҶММ «Чархи гардун» Ҷамила Ҳусейнова.

Беҳтарин хабарнигорони соҳа бо диплому ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон сарфароз хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG