Пайвандҳои дастрасӣ

Барфкӯчи азим дар шимоли кишвaр 16 нафарро кушта, даҳҳои мошинро мунҳариф ва ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро қатъ кардааст.

Ҳошим Ятимов, сардори раёсати итилооти фаврии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, барфу сангу хок дар километри 62-юм ва 69-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд дар Ҳушёрии ноҳияи Варзоб то нақби Анзоб ба роҳ рехта, ҳаракатро мушкил кардааст. Вай афзуд, имрӯз кормандони вазорат наздики 200 мошинро, ки ҳомили мусофирон буданд ва дар миёнаи роҳ мондаанд, берун кашиданд. Ҳануз даҳҳо мошин дар зери барфанд. Дар ҳоле ки хабаргузориҳои ҷаҳонӣ аз ҳалокати 16 нафар иттилоъ медиҳанд, намояндаи дигари ин вазорат мегӯяд, ҳалокати танҳо 2 нафарро тасдиқ карда метавонад. Вале гуфта мешавад, мумкин аст, шумори ҳалокшудагон бештар бошад.

Алъон, даҳҳо мошини ҳомили бору мусофир дар ду тарафи гарданаи Анзоб имкони убурро надоранд. Ронандагони таксиҳои мусофирбар мегӯянд, қатъ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд дар натиҷаи бориши як барфи андак умеди онҳоро аз ҳаракати доимии мошинҳояшон, ки бозшавии нақби Анзоб онро дар фасли сармо имкон дода буд, аз байн бурдааст. Абдувосеъ Абдуразоқов як ронанда, ки тайи 7 сол дар ин роҳ бо мошинаш мусофир мекашонад, гуфт, боришоти зиёди барфу резиши тарма ҳаракати нақлиётро дар ин роҳ, ки солҳо таъмири дурустро надидааст, мушкил кардааст.

Айни ҳол, вазорати нақлиёт ҷиҳати аз тарма тоза намудани роҳ як гурӯҳи кориро ба маҳалли ҳодиса фиристодааст. Ин вазорат бо назардошти вазъи роҳ мегӯяд, ҳаракат дар ин ҷода имкон дорад дар авоили ҳафтаи оянда шуруъ шавад. Ба ин тартиб, ба қавли мутахассисин, интизор мерафт, ки сохтмони нақби Анзоб то охирҳои соли равон анҷом дода мешуд, аммо бар асари барфбориҳо ва тармахезӣ ифтитоҳи он ба вақти номаълум гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG