Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ аз давлати Тоҷикистон хостааст, ба парвандаҳои 15 нафаре, ки ба ин ниҳод аз Тоҷикистон шикоят бурдаанд, расидагӣ кунад.

Аммо то кунун давлати Тоҷикистон дар ин замина вокуниш нишон надодааст. Фаъолони ҳуқуқи башар аз чунин бархурди давлат ва адами муроъоти тааҳудоти байнулмилалӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Нигина Баҳриева, як масъули созмони ғайридавлатии мавсум ба «Дафтари ҳуқуқи Башар» дар Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, то ҷое, ки мо иттиллоъ дорем, ҳеҷ яке аз ин одамон дар доираи пешниҳодоти Кумитаи СММ ҷуброн дарёфт накардаанд, парвандаҳояшон низ бознигарӣ нашуда ва тавсияҳои кумита дар мавриди риоят нагардидани ҳуқуқи башар низ ба эътибор гирифта нашудааст.

Зимнан куллия афроде, ки бо муроҷиат ба Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ хостори мусоидат дар расидагии мунсифонаи парвандаҳои худ ва ё пайвандонашон дар додгоҳҳои Тоҷикистон шудаанд, аз мавориди фаровони нақзи ҳуқуқ дар ҷараёни бозрасӣ ва муҳокимаи ин парвандаҳо шикоят кардаанд. Абдукарим Боймуродов, падари як тан аз афроде, ки додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар ҷароими сангин, аз ҷумла терроризм, ҳукми қатлашро содир кардааст, гуфт, муфаттишон ба хотири ба даст овардани ҳарфи эътирофи гуноҳи нокарда аз шиканҷа ва латту кӯб кор гирифтаанд.

Оқои Боймуродов афзуд, ҳарчанд дертар дар пайи дастгир шудани омилони аслии бархе аз ин ҷиноёт додгоҳ ҳукми қатли фарзанди ӯро ба 25 соли зиндон иваз кард, аммо давлат пардохти ҳеҷ навъи ҷубронро бар ӯҳда нагирифт.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ бо ироаи тавсия ва пешниҳодоташ аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳайси яке аз кишварҳои узви ин созмон ӯҳдадориҳои байнаулмилалии худро риоят кунад. Ва яке аз ин уҳдадориҳое, ки давлат бар иҷрои он масъул дониста мешавад, ба таъкиди мудофеъони ҳуқуқи башар, баргузории додгоҳҳои мунсифона аст. Ин дар ҳолест, ки Гулчеҳра Шарифова, муъовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоли ҳозир механизми иҷрои тавсия ва муқаррароти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар ин кишвар фароҳам нашудааст.

Вай афзуд, дар робита ба шикоятҳи инфиродӣ ба Кумитаи СММ мешавад гуфт, ки дар қонунгузории мо дар ин замина норӯшаниҳо вуҷуд дорад. На танҳо дар қонунгузорӣ балки дар механизм ё наҳваи иҷроиши он низ. Аз тарафи дигар худи шаҳрвандон нафақат баъди муроҷиат ба ин кумита, балки пас аз муроҷиат ба ниҳодҳои давлатӣ низ барои гирифтани ҷуброн талош намекунанд.

Аксари парвандаҳое, ки бознигарии мунсифонаи онҳо аз сӯи Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ ба давлати Тоҷикистон тавсия шудааст ба ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар марбут аст. Зимнан яке аз охирин пешниҳодоти ин кумитаи СММ ба давлати Тоҷикистон расидагии такрорӣ ба парвандаи раиси Ҳизби демократи ин кишвар Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аст, ки бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 ба бисту се соли зиндон маҳкум шуда буд.

XS
SM
MD
LG