Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки нави Ҷопон ба Тоҷикистон


Имрӯз Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Хироши Такахашӣ - сафири Ҷопон дар Душанбе зери санаде имзо карданд, ки тибқи он Токио барои таъмиру тармими роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа – Дўстӣ ва тарҳи бо оби тоза таъмин кардани сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ба маблағи беш аз 112 миллион иен, муодили тақрибан як миллион доллар кумаки билоиваз хоҳад кард.

Шурӯъ аз соли 1993 ҳукумати Ҷопон барои татбиқи тарҳҳои гуногун ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 93 миллион доллар кумаки ройгон ирсол кардаст.

XS
SM
MD
LG