Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи гумонбарон дар тифлрабоӣ шурӯъ шуд


Имрӯз дар Чад мурофиаи додгоҳии шаш шаҳрванди Фаронса, ки дар кушиши рабудани кудакон муттаҳам мешаванд, оғоз ёфт. Ба онҳо то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Моҳи октябри соли равон фаронсавиҳо - кормандони як созмони хайрияи кишвар мехостанд 103 тифлро аз Чад ба Аврупо интиқол диҳанд ва аммо аз сӯи хадамоти амниятӣ боздошт шуданд.

Ба гуфтаи масъулини созмони хайрия, ҳама кудакон – ятимҳои бемор аз минтақаи Дорфури Судонанд. Фаронсавиҳо иттиҳомро рад мекунанд ва гуруснанишинии эътирозиро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG