Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи маъруфи “Тайм” раисҷумҳури Русия Владимир Путинро шахсияти соли 2007 номида гуфтааст, Путин тавонист, кишварашро аз бесарусомониву беназмӣ раҳо карда ва ба қатори қудратҳои ҷаҳонӣ баргардонад, ҳарчанд вай барои ин арзишҳои демократиро қурбон кард.

Дабирони маҷалла бар ин ақидаанд, ки Путин ба рӯйдодҳои имсолаи ҷаҳон таъсири манфӣ ё мусбати чашмрас дошт. Яке аз сардабирони “Тайм” Ричард Стенҷел гуфт, “раисҷумҳури Русия шахси хуб нест, аммо иқдомоти бесобиқа анҷом додааст. Путин подшоҳи нави Русия гашта, шахси хатарнок мебошад, чунки ба назар мерасад, ки ӯ парвои озодиҳои маданӣ ва озодии суханро надорад, ягона чизе, ки Путинро нигарон мекунад - ин таҳкими субот аст. Русия ба субот ниёз дорад ва аз ин сабаб ҳам русҳо ӯро парастиш мекунанд”.

Владимир Путин ягона номзад набуд ва барои пазируфта шудан ҳамчун шахсияти сол рақибони ӯ собиқ муовини раисҷумҳури ИМА Алберт Гор, нависандаи бритониёӣ Ҷей Кей Роулинг, сарвари Чин Ҳу Ҷинтао ва фармондеҳи артиши Амрико дар Ироқ генерал Девид Петреус будаанд.

Муовини сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, интихоби маҷаллаи “Тайм” аз он шаҳодат медиҳад, ки “Тайм” нақши Путинро дар баргардонидани ифтихори миллӣ пазируфтааст. Ҳамзамон, Песков бар ин ақидааст, ки нигарониҳои маҷалла дар бораи озодиҳои шаҳрвандӣ дар Русия беасосанд. Ӯ ин нигарониҳоро маҳсули тасаввурҳои гузашта номид.

Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино Владимир Путинро шахсияти хеле мураккаби таърихи муосир номида аз тавзеҳ додани интихоби маҷалла худдорӣ намуд.

Маҷалла менависад, Путин Русияро дубора дар харитаҳои ҷаҳон ҷой дод, ва қасд дорад, ба ҳукмронии он идома диҳад. “Тайм” мегӯяд, унвони шахсияти сол, ки аз соли 1927 ба ин су интихоб мешавад, ҷоизаи ё истиқболи аъмоли касе намебошад, ин маънои онро дорад, ки он ё ин шахс ба ҷаҳон таъсири муайян доштааст.

Пеш аз Путин боз чор дигар раҳбарони Кремл - Сталин, Хрушев, Андропов ва Горбачев ба ҳайси шахсиятҳои соли маҷаллаи “Тайм” пазируфта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG