Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо дарҳояшро бозтар кард


Имрӯз 21-уми декабр 9 кишвари дигари узви Иттиҳодияи Аврупо ба созишномаи Шенген пайвастанд, ки имкон медиҳад, сокинони он бидуни нишон додани шиноснома ба қаламрави кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо сафар кунанд. Дари марзҳои Шенген ба рӯи сокинони Эстония, Латвия, Литва, Малта, Лаҳистон, Словакия, Словения, Маҷористон ва Ҷумҳурии Чех боз шуд. Ҳангоми таҷлил аз ин рӯйдод, нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, акнун як мусофири Иттиҳодияи Аврупо метавонад, бидуни истодан дар ягон посгоҳи марзӣ чаҳор ҳазор километрро аз шаҳри Таллини Эстония то шаҳри Лиссабони Португалия тай кунад.
XS
SM
MD
LG