Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯгоҳи Бушеҳр то охири сол такмил намешавад


Мақомоти Русия гуфтаанд, ки нахустин нерӯгоҳи барқи атомии Эрон, ки аз сӯи ширкати "Росатомстройэкпорт" бунёд мешавад, то охирҳои соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора Сергей Шматко – мудири ин ширкат, ки нерӯгоҳи Бушеҳрро месозад, зимни сафараш ба Чин хабар дод. Аввали ҳамин ҳафта Русия бори аввал сӯхти атомиро барои истифода ба нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр интиқол дод. Мақомоти Русия гуфта буданд, ки сӯхти атомиро ним сол пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нерӯгоҳ ба Эрон интиқол медиҳанд.
XS
SM
MD
LG