Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иварс Годманис сарвазири нави Латвия


Имрӯз парламенти Латвия Иварс Годманисро сарвазири нави ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо интихоб кард. Аз 100 вакили мардумии Латвия 54 нафар тарафдор ва 43 нафари дигар мухолифи ҳукумати зери раҳбарии Годманис овоз доданд. Президенти Латвия Валдис Затлерс ҳафтаи гузашта номзадии Годманисро ба мақоми сарвазир пешбарӣ карда буд. Моҳи равон Айгарс Калвитис баъди истеъфои якчанд вазири ҳукумат ва эътирозҳои мардумӣ дар иртибот бо сӯиистифода аз мансаби сарвазир ба истеъфо маҷбур шуда буд.
XS
SM
MD
LG