Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлаи нави гази Осиёи Марказӣ-Аврупо


Русия, Қазоқистон ва Туркманистон дар мавриди сохтмони лӯлаи гази табиӣ дар имтидоди хати соҳилии Баҳри Каспий (дарёи Хазар) ба мувофиқат расиданд.
Дар нишасти муштараки президентҳои Русияву Қазоқистон Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев раҳбари Русия гуфт, ки ин барнома амнияти энергетикии Аврупоро таҳким мебахшад:
"Бунёди ин шарёни нави энергетикӣ имкон медиҳад, ки мо миқдори зиёди газро ба коршариконамон интиқол диҳем ва ин як кумаки нави кишварҳоямон ба таҳкими амнияти энергетикии Аврупо хоҳад буд."
Эҳтимол ин созиш Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА-ро навмед кунад, зеро онҳо мехоҳанд лӯлаи нави газ аз бистари баҳри Каспий убур намуда, Русияро дар канор гузорад.
Ахиран баҳси нархи газ миёни Русия ва Украина боис шуда буд, ки маскав интиқоли газ ба ҳамсояашро мутаваққиф намояд. Дар натиҷа содироти газ ба Аврупои ғарбӣ ҳам номуназзам шуда буд.
XS
SM
MD
LG