Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангборони рамзии шайтон идома дорад


Имрӯз дар минтақаи Минои канори Маккаи Мукаррама сангпартоии рамзӣ ба сӯи шайтон идома дорад. Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, ки то кунун сангпартоӣ ва аслан маросими имсолаи ҳаҷҷ бидуни кадом мушкилии амниятӣ ҷараён дорад. Зоирин ба тарафи се сутун: рамзи шайтон санг мепартоянд. Баъд аз он таҷлили Иди қурбон шурӯъ мешавад. Ин ид ёдбуди омодагии пайғамбар Иброҳим ба қурбон намудани фарзандаш дар роҳи Худо мебошад.
XS
SM
MD
LG