Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯгоҳи Бушаҳр охири соли оянда фаъол мешавад


Хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳри Эрон то охирҳои соли 2008-ум фаъол нахоҳад шуд. Ин нерӯгоҳ бо кумаки Русия сохта мешавад.
Сергей Шматко раиси ширкати русии масъули сохтмони нерӯгоҳи Бушаҳр аснои зиёрат аз Чин дар ин бора маълумот дод.
Ибтидои ҳафтаи равон Русия ба нерӯгоҳи Бушаҳр аввалин бахши маводи сӯхти ҳаставиро интиқол дод.
Мансабдорони Русия гуфтаанд, ки интиқоли маводи сӯхт тахминан ним сол пеш аз оғози кори нерӯгоҳи Бушаҳр шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG