Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини қирғиз ба парламент роҳ наёфтанд


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон мегӯяд, калонтарин ҳизби мухолифини ҳукумат ба парламенти ин кишвар роҳ наёфт. Ниҳоди нозири интихобот иброз доштааст, ки дар раъйдиҳии 16-уми декабр ҳизби Отамакон бо 8,3% овозҳо ҷои дуюмро ишғол намуд, вале аз садди 0,5%-и минтақаҳо убур накард.
Ҳизби Оқ Жоли президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев 71 курсии парламенти ин кишварро дар ихтиёр хоҳад дошт.
19 курсии боқимондаи маҷлиси қонунгузор дар миёни ду ҳизби ҷонибдори Боқиев: коммунистон ва сотсиал-демократҳо тақсим мешаванд.
Мухолифин мегӯянд, ки дар ҷараёни интихобот тақаллуб ҷой дошт.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъкид мекунад, ки интихоботи парламентии Қирғизистон ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набудааст.
Ҳизби Отамакон изҳороте нашр намуда Комиссияи марказии интихоботро бо тақаллубкорӣ муттаҳам кард. Отамакон мегӯяд, ки маъракаи эътироз роҳандозӣ хоҳад намуд. Имрӯз дар назди бинои Комиссияи марказии интихобот дар шаҳри Бешкек як тазоҳуроти хурд доир шуд.
Баъди интихобот Додгоҳи Олии Қирғизистон ҳукм баровард, ки баъзе бандҳои ҳисоби овозҳо тағйир ёбад, вале мақомот мегӯянд, ки остонаи 0,5%-и минтақаҳо по бар ҷо мемонад.
XS
SM
MD
LG