Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Русия роҷеъ ба ҳамкориаш бо Амрико


Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия аст ва баҳсҳо набояд монеъи тақвияти равобити ин душманони собиқи давраи Ҷанги Сард шавад. Ин баёния баъд аз гуфтугӯи мақомоти олирутбаи Русияву Амрико доир ба ҳамкориҳои ду кишвар нашр шуд. Русияву Амрико дар робита ба сарнавишти ояндаи минтақаи Косово, вазъи демукросӣ дар худи Русия ва қасди Амрико барои истиқрори сипари дифоъиаш дар Аврупо ихтилофоти назар доранд.
XS
SM
MD
LG