Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Ӯзбакистон аз Тоҷикистон роҷеъ ба газ


Мақомоти Узбакистон зимни номаи расмӣ ба унвони мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то чаҳор рӯзи дигар қарордод ҷиҳати харидории газ барои соли ояндаро имзо кунад. Қарордоди харидории газ аз Узбакистон бо вуҷуди идомаи тӯлонии музокирот ҳанӯз ба имзо нарасидааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷониби Узбакистон қиммати гази табии содиротии худро барои соли оянда беш аз ҳад боло бурда ва барои ҳазор метри мукааби он 180 доллар талаб мекунад. Ба ин далел то кунун ҷониби Тоҷикистон ба созишномаи харидории гази табиӣ аз Узбакистон имзо нагузоштааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ба зудӣ мавқеи худро дар ин замина эълон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG