Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия қабл интихобот: муборизаҳо ва бархурдҳо


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва муъовини сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва муъовини сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев

Дар ҳоле, ки то интихоботи раёсати ҷумҳури Русия каме бештар аз се моҳ мондааст, ба назар мерасад, ки барандаи он аллакай маълум аст.

Ҳизби ҳукмрони “Единая Россия” аввали ин ҳафта дар анҷумани худ муъовини аввали сарвазири Русия Дмитрий Медведевро расман номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Дар ин анҷуман Владимир Путин эълом дошт, ки дар сурати пирӯзии Медведев дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ омода аст сарварии кобинаи вазиронро бар дӯш бигирад.

Ва аммо довталабони дигар, ки аз ин гуна марҳамати олӣ бархурдор нестанд, бояд то охири ҳамин ҳафта дар Комиссиюни марказии интихобот номнавис шаванд. Ду рақиби Дмитрий Медведев – раҳбари Ҳизби Коммунист Геннадий Зюганов ва раиси либерал-демократҳо Владимир Жириновский асноди заруриро ба Комиссиюни марказии интихобот супурданд. Ҳизби коммунист ва Ҳизби либерал-демократӣ чун “Единая Россия” дар Думаи давлатии нав фраксияҳои худро доранд ва аз ин рӯ, тибқи қонун, ба номзадҳояшон ҷамъоварии 2 миллион имзои ҷонибдорон шарт нест. Дигар довталабони курсии сарвари Русия бояд дар Комиссиюни марказии интихобот гурӯҳҳои ташаббускори худро сабти ном кунанд ва то рӯзи 16 январ варақаҳо бо имзои ду миллион ҷонибдоронашонро ба Комиссиюн пешниҳод намоянд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, аҳзоби либералии Русия ба ин маъракаи сиёсӣ дар ҳоле омодагӣ мегиранд, ки бар асари низоъҳои дохилӣ ва таъқибу фишори мақомот нуфузи пешини худро аз даст додаанд. Ду ҳизби нисбатан бузурги либералии Русия - ҳизби “Яблоко” ва ҳизби ростгарои “Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро” интихоботи ахири порлумониро бохтанд. Ихтилофи назар дар мавриди номзади ягонаи мухолифин ба мақоми раисҷумҳур миёни неруҳои демократӣ тафриқаи ҷиддӣ эҷод кард. Дар натиҷа ростгароҳо Борис Немсов, собиқ муъовини сарвазири Русияро номзад ба маснади раисҷумҳур пешбарӣ карданд ва дигар неруҳои демократӣ - диссиденти маъруф Владимир Буковский ва сарвазири пешини Русия Михаил Касяновро.

Гуфта мешавад, ки ин се довталаб тасмим доранд номзадии худро ба фоидаи муддаии ягонаи мухолифин бозхонанд. Ва аммо Евгений Волк, раиси маркази пажуҳишии Бунёди Мероси Маскав ҳадс мезанад, ки шояд Касянов ба ин созиш содиқ намонад, Ба гуфтаи ӯ, Касянов як тарҳи Кремл аст ба хотири заъиф сохтани неруҳои ростгаро ва ҷилавгирӣ аз зуҳури неруе, ки ин ростгароҳоро бо ҳам муттаҳид кунад.

Дар ҳамин ҳол Гарри Каспаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ва шоҳмот аз мубориза барои курсии раисҷумҳури Русия канор рафт. Ӯ дар Масква барои баргузории анҷумани ҷонибдоронаш ягон толор пайдо накард. Ҷонибдорони Владимир Буковский низ бо ҳамин гуна мушкил мувоҷеҳ шуданд. Аз ин рӯ рӯзи якшанбе ҳудуди 800 нафар дар канори як осорхонаи Маскав ҷамъ омада дар ҳавои кушод пуштибонии худ аз номзадии Буковскийро иброз доштанд. Ва аммо диссиденти собиқ бо дигар мушкилҳои марбут ба сабти ном дар Комиссиюни марказии интихоботи Русия низ рӯ ба рӯ шудааст.

Яке аз ин мушкилот соҳиби душаҳрвандӣ, яъне шаҳрвандии ҳам Русия ва ҳам Бритониё будани ӯст. Ҳамчунин, тибқи қонун, довталаби курсии президентӣ бояд даҳ соли ахир дар Русия ба сар бурда бошад. Владимир Буковский, ки аз соли 1976 ба ин сӯ, баъди ихроҷи иҷборӣ аз Иттиҳоди шуравӣ, дар Бритониё зиндагӣ мекунад, аз Додгоҳи Қонуни асосии Русия хост то ба ин қазия расидагӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин як масъалаи мавриди баҳс аст. Вай мегуяд, аслан аз рӯи матни қонун бигирем, ягон кас қонунӣ нест на Путин ва на Елсин дар соли 1996 даҳ сол собиқаи зидагӣ дар Русия надоштанд, зеро Русия фақат соли 1991 таъсис шудааст.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дар ниҳояти кор дар варақаҳои раъйдиҳӣ фақат ному насаби чаҳор ё панҷ номзад боқӣ хоҳад монд - зимни тафтиши варақаҳои имзо Комисиюни Марказии Интихобот метавонад аз сабти номи чанд номзад сарфи назар кунад. Ба тахмини коршиносон, ба баргаҳои раъӣ ба ҷуз Медведев, Зюганов ва Жириновский шояд Касянов ва номзад аз ҳизби демократ Богдановро ҳам ворид кунанд. Сабти номи Касянов ба он хотир хоҳад буд, ки аз имкони атрофи Зюганов ҷамъ омадани неруҳои мухолифи ҳукумат ҷилавгирӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG