Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатъномаи СММ бар зидди Эрон


Кумитаи Маҷмаъи Умумии СММ тарҳи қатъномаеро, ки дар он аз нақзи мунтазами ҳуқуқи башар дар Эрон амиқан изҳори нигаронӣ шудааст, ба тасвиб расонд. Дар Ирон шиканҷа, шаллоқ задан, буридани аъзои бадан мисли даст ё по, сангсор ва эъдом ё куштан дар ҳузури мардум вуҷуд дорад. Дар Маҷмаъи Умумии СММ аз 192 узв барои тасвиби пешнависи ин қатънома 73 нафар райи мувофиқ ва 53 нафар райи мухолиф доданд. 55 нафари дигар изҳори бетарафӣ карданд. Пешнависи ин қатъномаро Конодо омода сохт ва Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ аз он ҷонибдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG