Пайвандҳои дастрасӣ

Қаторе дар Покистон аз хат баромад


Дар натиҷаи бероҳа шудани қаторе дар Покистон дар роҳи Карочӣ ба Лоҳур дастикам 40 нафар кушта шудаанд. Аз 16 вагон 14-тоаш аз хат хориҷ шудааст. Мақомоти расмӣ мегуянд, ҳудуди сад нафри дигар ҷароҳат бардоштаанд. Наҷоти онҳо аз зери пораҳои қатор идома дорад.
XS
SM
MD
LG