Пайвандҳои дастрасӣ

Дилмурод Юнусов як ҷавони тоҷик аст, ки дар 27 соли зиндагиаш донишгоҳи олиро хатм карда, ба ҳайси хабарнигор дар телевизиони вилоятии Суғд кор карда, аммо бо сабаби камии даромадаш кори деҳқониро дар майдонҳои кишти вилояти Волгогради Русия пушти сар кардааст.

Ин ҷавон мегӯяд, ҳоло барои худ метавонад баъзе мақсадҳое гузошта онҳоро ба иҷро расонад. Аммо бо ин вуҷуд, ин ҷавон аз вазъи маишие, ки дорад, розӣ нест. Вай мегӯяд, адами кор аз рӯи ихтисос ва бо дастмузди шоиста дар ватан ӯро азият мекунад ва аз ҳамин ҷиҳат дар марҳилаи кунунӣ кори кишоварзиро дар Русия барои худ танҳо роҳи рӯзгузаронӣ медонад. Гузориши нави СММ бо исми "Ҷавонон дар марҳилаи гузариш ба камолот", ки вазъи ҷавонҳои 15 то 24-солаи саросари ҷаҳонро арзёбӣ кардааст, мегӯяд, ҷавонҳои имрӯза дар тамоми таърихи башарият босаводтарин насл ба шумор мераванд. Аммо барои аксар ҷавонҳо даври гузариш ба камолот бо сабаби фақру нодорӣ ва мушкили пайдо кардани кори шоиста бо кундӣ ҷараён мегирад.

Гузориши СММ ҳокист, ки мизони куллии сармоягузорӣ ба ҷавонҳо дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт, ва дастрасии ҷавонҳо ба таҳсил, аз ҳисоби мактабҳои хусусиву ғайридавлатӣ афзоиш пайдо кард, духтарҳои бештар мактабҳои миёнаро хатм карда ба таҳсили олӣ роҳ ёфтанд. Аммо бо ин вуҷуд, фақру нодорӣ, ки домангири аксар ҷавонҳо мебошад, боиси афзоиши бемориҳо, монеи рушди иҷтимоии онҳо дар кору тахассусашон шудааст, мегӯяд ин гузориш. Имрӯз 1,2 миллиард аҳолии ҷаҳон, яъне 18 дар сади ҷамъияти саёраро ҷавонҳо ташкил медиҳанд ва онҳо бахши муҳими ҷараёнҳои инкишофёбандаи ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Дар робита бо вазъи ҷавонҳои лагери собиқи сотсиалистӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таҳқиқоти СММ мегӯяд, ки марҳилаи миёни солҳои 1980 то 1990 аз дардноктарин давраҳои зиндагӣ, бархӯрд бо тағйироти зиёд ва чолишҳои шадид будааст.

Дар айни замон, номуайяниҳову душвориҳо барои сокинони ин кишвар дар он замон имкониятҳои наву тозаро пешниҳод кардааст. Дар баробари ҷавонҳо имкониятҳои тозаи фаъолият дар риштаи фанновариҳои иттилоотӣ ва технологияҳои навин фароҳам омад. Баробар бо ин, ҷавонҳо дар фикри таъсиси корхонаҳои хусусӣ шуданд, аммо шумори онҳо чандон зиёд нест, мегӯяд СММ. Ин ҳама таҳаввулот боиси бо хатароти тоза рӯбарӯ шудани ҷавонҳо, мисли мӯътодӣ ба маводи мухаддир ва олудагӣ ба вируси заъфи масунияти бадан HIV - феълан 70 дар сади гирифторони ин вируси марговарро дар минтақа ҷавонҳо ташкил медиҳанду аксар мӯътодони нашъа дар Аврупову ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷавонҳои то 30-сола мебошанд.

Дар бозори кор ҷавонҳо заъфпазириву нотавонӣ ва ноомодагии иҷтимоиро ба намоиш гузоштанд. Мизони бекорӣ боло рафта, амнияти иҷтимоии шаҳрвандон аз байн рафт. Тибқи арзёбиҳои СММ, дар қаламрави Аврупои Марказиву Шарқӣ айни замон ҳудудан 34 фоизи ҷавонҳо аз бекорӣ азият мекашанд ва ин нишондод баландтарин дар ҷаҳон будааст. Аксар ҷавонҳо ба шаҳрҳои калон ва ё ба кишварҳои ҳамсоя дар ҷустуҷӯи кор рафтанд.

Пурсишҳои мухталиф дар кишварҳои собиқ шӯравӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди чунин вазъи на чандон осон, ҷавонҳо назар ба насли бузургсол ба таҳаввулоти сиёсиву иқтисодии кишварҳои худ хушбин ҳастанд ва умедворанд, ки ислоҳоти ҷараёндошта ба манфиати онҳо нигаронида мешавад. Ва Дилмурод ҳам мегӯяд, ки кори деҳқонии худро дар Русия чун як давраи гузор барои худ бо ҳадафи дарёфти маблағ арзёбӣ мекунад. Мегӯяд, умедвор аст, ки баъди ҷамъоварии миқдоми муайяни пул ба ватан бармегардад ва метавонад билохира аз рӯи ихтисоси рӯзноманигориаш барои худ кори шоиста пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG