Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В.Мите: Косово дар садади эълони истиқлолият аст


Гирдиҳамоии албанитаборони ҷонибдори истиқлолияти Косово дар шаҳри Пристина - пойтахти Косово
Гирдиҳамоии албанитаборони ҷонибдори истиқлолияти Косово дар шаҳри Пристина - пойтахти Косово

Ахиран шореҳи радиои Озодӣ Валентинас Мите аз сафари Косово баргашт. Дар давоми чанд рӯзи боздид аз ин вилояти ҷудоихоҳ ӯ бо сокинони манотиқи гуногун ва пайравони қавму мазҳабҳои мухталифи Косово ҳамсӯҳбат шуд. Дар як сӯҳбате, ки ӯ доштем, аз Валентинас хоҳиш кардам дар бораи дидаву шунидааш ба шунавандагони бахши тоҷикии радиои Озодӣ иттилоъи бештар диҳад.

Валентинас Мите: "Мавқеи расмии мақомоти Косово ин аст, ки ба ҳамин зудиҳо онҳо истиқлоли худро эълон мекунанд. Таърихи ин амал маълум нест. Ибтидо онҳо мегуфтанд, ки 10 декабр Косово соҳибистиқлолиашро эълон мекунад, вале ин ба амал ба таъхир афтид. Мақомоти Косово мегӯянд, онҳо мунтазири дастгирии истиқлоли онҳо аз тарафи ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо мебошанд. Хуллас, мавқеъи умумӣ ин аст, ки дар давоми ду моҳи наздик Косово эъломияи истиқлолашро тасвиб хоҳад кард. Онҳо аз вазъи мавҷуда зиёд қаноатманд нестанд. Ҳоло дар он ҷо ду маркази қудрат аст: Яке идораи СММ ва дигаре мақомоти маҳаллӣ. Аз ин рӯ, бо ду марказ рафъи шикасту рехти иқтисод ва танзими рӯзгори онҳо душвор аст. Масалан, Косово муназзам нерӯи барқ истеҳсол мекунад, вале ҳар рӯз ду-се соат мардум аз барқ маҳрум мебошанд. Ман аз мутахассисону коршиносон пурсидам, ки сабаб чист? Чаро дар ҳоле ки корхонаи тавлиди нерӯи кор мекунад6 мардум барқ надоранд? Онҳо мегӯянд, ки афроди номаълум нерӯи барқро ба яғмо мебаранд. Осҳаҳои дигар низ дар ҳамин ҳоланд. Хулоса, мардум дар хонаҳои торику сард нишиаста, хеле ба ғазаб нороҳат ҳастанд. Ин вазъ аз соли 1999 ба ин тараф идома дорад."

Абдуқайюм: Вале Косово аз ду ҷамоъаи бузург - аксарияти албанитабор ва ақаллияти серб иборат аст. Оё ҳар ду ҷамоъа аз истиқлол пуштибонӣ мекунанд?

Валентинас Мите: " Ман бо намояндагони табақаҳои мухталифи ҳар ду ҷамоа ҳам албаниҳо ва ҳам сербҳо мулоқот доштам. Барои аксари кулли онҳо як чиз возеҳ аст: онҳо ояндаи худро бо Сербия намебинанд. Онҳо тарафдори истиқлол ҳастанд. Хуб, инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки 90% аҳолии Косоворо албанитаборон ташкил медиҳанд ва онҳо ҷонибдори истиқлоланд".

Искандар: Дар оғози сӯҳбат Шумо гуфтед, ки вазъи хоҷагии Косово ногувор аст, агар ҳукумат ҳозир аз ӯҳдаи хоҷагидорӣ набарояд, баъди эълони истиқлол аҳволи мардум бадтар нахоҳад шуд? Оё ин масъала дар навбати аввал албанитаборонро ба ташвиш намеорад?

Валентинас Мите: " Пуштибонӣ аз истиқлол имкон намедиҳад, ки онҳо аз фаъолиятим ақомоти маҳаллӣ зиёд танқид кунанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло соҳибистиқлолӣ муҳим аст. Вақте истиқлолро касб намубем, аз паи беҳбуди кори ҳукумат мешавем. Хуллас, баҳри истиқлол онҳо ҳамдил ҳастанд. Ҳоло иҷозат диҳед, дар иртибот бо сербҳои Косово чанд сухан гӯям. аксари сербҳо дар маҳаллаҳои ҷудогона зиндагӣ мекунанд. Ман аз чанд маҳаллаи сербнишини канори Приштина зиёрат кардам. Ҳаёти онҳо аз бахши боғқимондаи Косово комилан фарқ дорад. Масалан, дар муомилот албаниҳои Косово пули аврупоӣ: евроро истифода мебаранд. Сербҳо бошад, ба динори Сербия таваҷҷӯҳ доранд. Мошинҳои сербҳо на рақами Косово, балки рақами Сербия доранд. Ман ба шаҳри Митровитса рафтам. Рӯди миёни шаҳр онро ба ду тақсим кардааст. Дар яке албанитаборон ба сар мебаранду дар дигаре сербҳо. Дар маҳаллаҳои сербнишини Митровитса аксҳои раҳбари миллатгарои серб Шешел ва президенти Русия Владимир Путин овехта шудаанд. Путин ва Русия дар байни сокинони серъбтабори Митровитса хеле машҳуранд."

То ҷое маълум аст, Русия худро муҳофизи ҳуқуқи ақаллияти серб мешуморад ва то кунун ин кишвари дорои ҳаққи вето дар Шӯрои Амнияти СММ аз истиқлоли Косово пуштибонӣ накардааст. Вале ба ҳар сурат, оё Русия ба татбиқи ин орзуи мардуми Косово монеагузорӣ нахоҳад кард?

Валентинас Мите: "Фикр мекунам, ки шояд Русия мушкилӣ эҷод кунад. Аммо қабл аз сафар ба Косово ман чанд рӯзро дар пойтахти Сербия Белград сипарӣ кардам. Пеш аз сафар фикр мекардам, ки Русия дар Сербия маҳбуб аст. Аммо касе дар Белград ба забони русӣ сӯҳбат намекард. Ҳама саъй мекарданд ба суолҳоям ба англисӣ посу диҳанд. Онҳо дар бораи вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо сӯҳбат мекарданд на ба вуруд ё ҳамоиш бо Русия. Албатта ақидаи мардуме, ки ба тарки Косово маҷбур шудаанд, дигар аст. Касеро аз хона бадар карда бошанд, ӯ ҳатман хушҳол нест ва ҳарфи хуб ҳам намезанад. Аммо ман эҳсос кардам, ки онҳо худро ҷузъи Иттиҳодияи Аврупо мешуморанд. Дар мавриди таҳдидҳои Русия бошад, фикр мекунам, эҷоди нооромӣ дар Гурҷистон ва ё Молдова ба нафъи Русия нест. Агар барои мисол, ин кишвар истиқлоли Абхозистон ва ё Трансднестрро аз ҳад зиёд ташвиқ кунад, Маскав худ бо мушкили ҷудоихоҳӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Охир ин кишвар ҳам аз чанд вилояту ҷумҳурии мухтор иборат аст. Хуллас, ба фикрам Русия дар бораи мухолифат ба истиқлоли Косово каме садо баланд мекунаду бо ҳамин тамом."

XS
SM
MD
LG