Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба порлумони Қирғизистон се ҳизб шомил шуданд


Дар интихоботи рӯзи якшанбе доиршуда ба порлумони Қирғизистон се ҳизби сиёсии кишвар, ки садди 5-дарсадиро фатҳ кардаанд, гузаштанд.

Бино бар иттилоъи КМИР-и Қирғизистон бо истинод ба натоиҷи шумориши автоматии ниҳоии баргаҳои раъй, дар интихобот ҳизби «Оқ жол» («Роҳи сафед») 46,9%, ҳизби «Ата мекен» – 8,29%, Ҳизби коммунисти Қирғизистон – 5,12% ва Ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон – 5,05%-и ороъи интихобкунандагонрол касб намуданд.
Вале дар ҳамин ҳол, бар асоси қонуни интихоботи ин кишвар, танҳо се ҳизб – ҳизби «Оқ жол», ҲКҚ ва ҲСДҚ – тавонистанд курсиҳоро дар Жогорку кенеш, порлумони Қирғизистон, ба даст биёранд. Гуфта мешавад, талаботи қонуни мазкур ба Ҳизби сусиёлистии «Ата мекен», ки зери парчами он иттиҳоди мухолифини ҳукумат дар интихобот ширкат намуданд, бино бар садди нимдарсадии мнтақавиро убур накарданаш нагузоштааст ба порлумон гузарад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе Додгоҳи олии Қирғизистон қарори КМИР-ро дар робита ба «садди нифоизаи минтақавӣ» бекор намуд. Додгоҳ банди марбутаи қонуни интихоботро чунин шарҳ дод: 0,5% бояд аз рӯи рӯйхати интихобкунандагон дар ҳар минтақаи мушаххас ҳисоб карда шавад, на аз рӯи теъдоди умумии интихобкунандагон дар тамоми кишвар.
Раҳбари ҳизби «Ата мекен» Омурбек Текебаев дар шарҳи ин ҳукми додгоҳи олӣ гуфт: «Акнун аъзои КМИР бояд барои ба таври худ талаққӣ кардани ин меъёри Ойинномаи интихобот ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҷорисозии ин меъёри минтақавӣ аз худӣ аввал бе асос буд, зеро ин гузаштани аҳзобро ба Жогорку Кенеш чанд маротиба душвортар мекард».
Ӯ афзуд : «Мо шубҳае надоштем, ки бо вуҷуди саддҳои зиёд ва дуздидани раъйҳои бадастовардаамон ба порлумон мегузарем».
Сарвазири собиқ аз шарҳи он, ки «Ата мекен», ҳарчанд то 17-уми декабр дар радифи дувуми натиҷаи интихобот қарор дошт, акнун ба мандатҳои вакилии порлумони кишвар умед баста наметавонад, танҳо гуфт: «Биёед, интизор шавем...».
Дар ҳамин ҳол, бар асоси қонуни кишвар, порлумони тозаинтихоб 21-уми декабр бояд дар иҷлосияи нахустини худ ҷамъ шавад.
XS
SM
MD
LG