Пайвандҳои дастрасӣ

Кака – беҳтарин футболбози ҷаҳон


Кака бо ҷоизаи "Тӯби алмосӣ"

Кака бо ҷоизаи "Тӯби алмосӣ"

Кака (Рикардо Изексон дос Сантос Лейте), нимҳимоятгари бошгоҳи «Милан»-и Итолиё ва капитани дастаи миллии Бразил, аз ҷониби FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол – беҳтарин футболбози соли 2007 эълом гардид.

Ҷоизаи муътабар – «Тӯби алмосӣ» – ба Кака, барандаи суперкубок ё шоҳҷоизаи Аврупо, қаҳрамони ҷаҳон байни бошгоҳҳо ва беҳтарин голзани лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, дар як маросими бошукӯҳ дар шаҳри Сюрихи Суис (Швейтсария) супурда шуд.
Рикардо Кака ҳангоми бозӣ
FIFA футболбози беҳтарини солро аз рӯи раъйи мураббиён ва капитанҳои тимҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии футбол муайян мекунад. Рикардо Какаи 25-сола дар ин раъйдиҳӣ 1047 имтиёзро касб намуд. Ёдовар мешавем, ки ӯ баъди Роналдо (се маротиба), Роналдино (ду дафъа), Ромарио ва Ривалдо панҷумин футболбози бразилӣ аст, ки ба дарёфти ин ҷоизаи муътабари ҷаҳонии футбол мушарраф мегардад.
Ҷои дувумро ҳамлагари дастаи миллии Аргентина ва бошгоҳи «Барселона»-и Испониё ЛионелМесси (504 имтиёз) ва ҷои севумро нимҳимоятгари тими миллии Пуртугол ва «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон КриштиануРоналду (426 имтиёз) дарёфт намуданд.
Кака: "Гирифтани ҷоиза аз дасти Шоҳи футбол бароям ифтихори бузург аст!"
Бояд тазаккур дод, ки Кака ҳамчунин дар аввали ҳамин моҳ бо «Тӯби тилоӣ», ҷоизаи нашрияи «France Football», мукофотонида шуда буд.
FIFA, инчунин, ҳамлагари дастаи миллии занонаи Бразил Мартаро (988 имтиёз) беҳтарин зани футболбоз дар соли 2007 эълом кард. Мартаи 21-сола беҳтарин голзани мусобиқоти ахири қаҳрамонии ҷаҳон (сентябри соли 2007, Чин) шуда буд. Вай соли гузашта низ беҳтарин футболбоззани ҷаҳон эътироф гардида буд. Бирҷи Принси олмонӣ (507 имтиёз) ҷои дувум ва Кристианаи бразилӣ (150 имтиёз) ҷои севумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG