Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал мегӯяд, дар ҳоле, ки нархи гандум дар ҷаҳон боло меравад, захираи озуқаворӣ дар саросари сайёра босуръат коҳиш меёбад.

Барномаи озуқаи СММ ин тамоюлро ғайриинтизор ва бесобиқа номид. Ва ҳоло мутахассисон сабаб ва роҳҳи ҳалли ин мушкилро ҷустуҷу доранд.

Гаронӣ, ба хусус дар кишварҳои нодор, ки аҳолиашон аксарияти даромадашонро барои хариди маводи ғизоӣ сарф мекунанд, ба шиддат эҳсос мешавад. Бино бар гузориши СММ, дар Қирғизистон масалан, соли ҷорӣ нон 50 дар сад гаронтар шуд, ин дар ҳоле, ки маоши коргарон ва ҳуқуқи бознишастагон ҳамагӣ 10 дар сад афзоиш ёфт. Тоҷикистон низ имсол шоҳиди болоравии бесобиқаи маводи ғизоӣ аз қабили орду равған шуд.

Барномаи озуқаи Созмони Милал бонги хатар мезанад, ки агар болоравии нархи гандум идома ёбад ва захираҳои он дар бозорҳои ҷаҳонӣ кам боқӣ монад, дар баъзе қисматҳои сайёра, ин раванд метавонад мунҷар ба бӯҳрони озуқа шавад.

Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки тухмии бӯҳрони имрузаро дар солҳои пеши сериву пурӣ корида будаанд. Он замон, кишварҳои сарватманд ба кишоварзонашон кумаки молӣ мерасондаанд, ки ин дар навбати худ ба истеҳсоли аз ҳад зиёди ғалла овард. Нархи ғалла дар тамоми ҷаҳон арзон шуд ва дар натиҷа истеҳсоли он дар кишварҳои дар ҳоли рушд кори бесамар гашт ва кишоварзони ин мамолик аз кишти гандум даст кашидаанд, мегӯяд мутахассиси СММ Абдулризо Аббосиён:

“Кишварҳое, ки истеҳсоли ғалла дар онҳо беш аз ҳад буд, дар аксар кишварҳои мутараққӣ буданд. Ин кишварҳо, тули солҳои зиёд ба кишоварзонашон кӯмак мерасонданд. Ва ин ба вазъе овард, ки захираҳои ғалла аз ҳад зиёд шуд. Ин то 2 ё 3 соли қабл идома дошт. Ғалла арзон шуд, ва кишварҳои дар ҳоли рушд, ва ба хусус дар қисматҳои камбағали он, бо он кишварҳо қобилияти сабқати нархро надоштаанд. Онҳо ба воридкунандагони гандум табдил ёфтаанд”.

Ҳоло бошад ҳукуматҳои кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба маҳдуд кардани кишоварзонашон шурӯъ намудаанд, ва иҷозат додаанд бозори озод дар нархгузорӣ нақши бештарро бозад. Дар натиҷа, истеҳсоли ғалла коҳиш ёфт ва захираҳои он низ кам шуд.

Масалан, кишварҳои ба монанди Австралия, ки яке аз истеҳсолкунандагони аслии ғалла ба шумор мерафт, кишти гандумро хеле камтар намуданд. Коҳиши истеҳсоли гандум ба афзоиши талаботи он ва ба болоравии қимати он овард.

Мутахассисон аз омилҳои дигари сарзадани бӯҳрон ҷустуҷуи манобеъи алтернативии сӯзишворӣ ё худ сӯхти биолоҷӣ, ва ниёзмандии кишварҳои ба монанди Бразилияву Чин дар хӯрокаи чорворо зикр мекунанд.

Мутахассисони ниҳоди СММ мегӯянд, вазъи имрӯза низ устувор нест ва метавонад ба зудӣ тағийр ёбад. Онҳо мегӯянд, кишоварзони мамолики дар ҳоли рушдро бояд ташвиқ намуд, то истеҳсоли ғалларо афзоиш диҳанд, ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба чунин кишварҳо на танҳо кумаки бевоситаи озуқа расонад, балки онҳоро бо тухмӣ, нурӣ ва техникаи муосири кишоварзӣ таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG