Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти нерӯҳои хориҷӣ дар Ироқ тамдид шуд


Шӯрои Амнияти Созмони Милал маъмурияти нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии Амрико дар Ироқро бо дархости давлати Ироқ барои як соли дигар тамдид карда ва ҳукумати Ироқ мегӯяд ин дархости охирин аст. Сафири Ироқ дар Созмони Милал Ҳамид Ал Байотӣ гуфт, Ироқ аз кишварҳои дӯсте, ки барои раҳо шудан аз дасти Саддом Ҳусайн кӯмак карданд, сипосгузор аст, вале ҳеҷ мақоми ҳукумати Ироқ, дар воқеъ ҳеҷ як шаҳрванди Ироқ ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар кишвари худ як рӯз бештар аз зарурати онҳо дар инҷо намехоҳанд. Интизор меравад, ки баъди хотимаи маъмурияти нерӯҳои хориҷӣ дар Ироқ дар соли 2008 нерӯҳои Амрико дар ин кишвар бимонанд.
XS
SM
MD
LG