Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии сарнавишти Косово дар Шӯрои Амният


Шӯрои Амнияти Созмон Милал имрӯз сарнавишти ояндаи минтақаи ҷудоихоҳи Сербистон Косоворо баррасӣ мекунад. Дар шӯрои мазкур гузориши сегонаи музокиракунанда, яъне Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Русия баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Дар он гузориш, ки рӯзи ҳафтуми декабр берун омад, гуфта мешавад, ки тарафҳои музокиракунанда дар ягон масъала ба созиш нарасиданд. Минтақаи умдатан албанишини Косово акнун мехоҳад якҷониба ва бо тарафдории кишварҳои ғарбӣ худро мустақил эълом кунад, аммо Русия ва Сербистон мухолифи ин амр ҳастанд.
XS
SM
MD
LG