Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт: манъи ҳаракати автобусҳои мусофиркаш


Масъулини корхонаи хоҷагии комуналии ноҳияи Рашт, ки автобусҳои мусофирбар дар ихтиёри ин ниҳод будаанд, ба радиои Озодӣ гуфтанд, бо сабаби чархҳои резинии зимистона надоштани автобусҳои мусофиркаш ҳаракати онҳо то замони таъмин шудани онҳо бо чунин лавозимот манъ карда шуд.

Ба гуфаи ҳамин манбаъ, феълан ҳаракати автобусҳо бо чархҳои тобистона дар ҷодаҳои минтақа барои мусофирон хатарзо мебошад. Ин дар ҳолест, ки боришоти шадиди ду рӯзи ахир дар водии Рашт ва адами автобусҳои мусофирбар сокинони минтақаро дар рӯ ба рӯи як мушкилоти ҷиддии нақлиётӣ қарор додааст.

Як хонум, ки худро Гуландом Сафарова муаррифӣ кард, гуфт, ман ҳоло ба беморхона роҳӣ ҳастам ва се соат мешавад, ки нақлиётро интизорам. Ба гуфтаи ӯ, зимистони соли гузашта ҳам ҳамин автобусҳои мусофиркаш фаъолияти худро қатъ намуда буданд ва мардум моҳҳои дароз азоб кашид. Ва имсол ҳам мақомоти давлатӣ сари ин масъала саривақтӣ чорае наандешидаанд ва мушкил боз такрор мешавад.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар аксари истгоҳҳо дар роҳҳои водӣ афроди зиёдеро метавон дид, ки ба хотири аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан соатҳо интизорӣ мекашанд. Аз сӯи дигар мошинҳои мусофиркаши шахсӣ бо истифода аз чунин вазъи мушкили пешомада қимати роҳкиро дар ҷодаҳои маҳаллиро ба маротиб боло бурдаанд.

Автобусҳои мусрофиркаш дар ноҳияи Рашт сохти чиноӣ буда, ду сол қабл дар арафаи ҷашнгирии 9-мин солгарди ваҳдати миллӣ, ки дар Ғарм баргузор шуд, оварда шуданд ва ба ҷои автобусҳои қаблии сохти шуравӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Лозим ба ёдоварист, ки илова бар ин автобусҳо якчанд адад автобусҳои шахсӣ низ дар роҳҳои Ғарм хизматрасонии мусофиркашӣ анҷом медоданд, ки акнун бо иллати болоравии нархи бензин фаъолият намекунанд.

Вазъи мушкили нақлиётӣ ва болоравии қимати бензин ахиран ҳамчунин боиси гароншавии роҳкиро аз Рашт то Душанбе гаштааст. Чанде қабл роҳкиро аз маркази водӣ то Душанбе 25-30 сомонӣ арзиш дошт, вале рӯзҳои ахир он ба 45-50 сомонӣ расидааст.

XS
SM
MD
LG