Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ба таҷлили Иди Қурбон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ иди расмии кишвар ва рӯзи истироҳат мебошад, омодагӣ мегиранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз сарони ҳукуматҳои маҳаллӣ дархост кард, дар остонаи Иди Қурбон ба ҳамватанони ниёзманд дасти кӯмак дароз кунанд. Ин даъвати Раҳмон дар ҳоле садо дод, ки вай аз тариқи радиои дохилии ҳукумат бо раҳбарони вилоят ва ноҳияҳои кишвар омодагиҳо ба зимистонро баррасӣ мекард.

Паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба даъвати дини ислом дар робита ба Иди Қурбон ҳамоҳанг аст, ки азхудгузаштагӣ, саховатмандӣ ва пирӯзӣ бар нафсро дунбол мекунад. Ҷаноби Раҳмон аз масъулони давлат хост, дар навбати аввал ба шаҳрвандони солдида, бевазанон, ятиму бепарасторон ва хонаводаҳои дасттанҳо мадад расонда шавад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар умури хайрия соҳибкорони сарватманди кишвар ширкат хоҳанд кард.

Дар иди гузаштаи Қурбон дар посух ба чунин даъватҳо даҳҳо маъракаи саховатмандӣ баргузор гашт. Иди Қурбон аз соли 1992 дар Тоҷикистон иди расмӣ ва рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин рӯз тавонмандон гову гӯсфанд қурбонӣ мекунанд ва дар деҳу маҳаллаҳо дег мегузоранд. Як одати дигар идона зиёрати мадфани гузаштагон ва аёдати беморон низ мебошад.
XS
SM
MD
LG