Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев – барандаи медали нуқраи Аврупо


Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти қаҳрамонии даставии Аврупо оид ба гуштии дзюдо байни бошгоҳҳо дар шаҳри Маскав соҳиби медали нуқра гардид.

Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бо иттилоъ аз ин навид ба радиои Озодӣ гуфт, гуштигири 26-солаи тоҷик дар ин мусобиқот дар ҳайъати бошгоҳи «Гладиатор»-и Налчики Русия ҳунарнамоӣ кард.
«Гладиатор» дар нахустин даври ин мусобиқот қаҳрамони соли гузаштаи Аврупо бошгоҳи «Абенсберг»-и Олмонро бо натиҷаи 3:1 мағлуб сохт. Паҳлавони тоҷик дар вазни то 73 килограмм рақобаташро бо ҳарифи худ мусовӣ анҷом дод. Сипас дастаи ӯ дар даври дувум бар як бошгоҳ аз Туркия бо ҳисоби 5:2 пирӯз гардид. Гуштигири тоҷик Расул Боқиев дар дувумин рақобати худ дар ин мусобиқот бар рақибаш ғалабаи соф ба даст овард.

Ҳарчанд Расул Боқиев дар даври севум аз қаҳрамони Русия Артём Артёмев мағлуб гардид, вале дастаи «Гладиатор» бар бошгоҳи «Самбо-70» (Русия) низ бо ҳамон натиҷаи калони 5:2 ғалаба кард.
Сабқати ниҳоӣ, ки Р. Боқиев дар ҳайъати дастааш ширкат надошт, бо пирӯзии бошгоҳи «Явара-Нева»-и Санкт-Петербург, ки ҳамчун бошгоҳи президентӣ машҳур аст, бо ҳисоби 5:2 хотима ёфт.
Дар ҳамин ҳол мавсими имсола барои гуштигири тоҷик Расул Боқиев, ки айни ҳол дар шаҳри Маскав таҳти раҳбарии мураббии варзидаи рус Владимир Елчанинов тамрин мекунад, хеле бобарор гардид. Вай, аз ҷумла, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо дар Бразил медали биринҷӣ ба даст оварда, ба Олимпиадаи Пекин-2008 роҳхат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG