Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ахиран аз аҳолӣ теъдоди қобили таваҷҷуҳи силоҳи оташфишонро кашфу мусодира намуд.

Дар ин робита Абдураҳмон Бузмаков, муовини сардори ШКД-и вилояти Хатлон дар ин минтақа, дар 11 моҳи аввали соли равон аз сокинони инҷо 82 мусалсали Калашников, 38 тапончаи Макаров, 2 рокетандоз, 5 мусалсали калон, ҳудуди 29 000 тирҳои гуногунқутр ва 80 мину рокет мусодира гардид.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин 82 туфанги шикорӣ аз аҳолии ин навоҳӣ, ки ба ин силоҳҳо муҷаввиз надоштанд, мусодира гардид. Дар ҳамин ҳол, ба таъйиди ин манбаъ, аз ҷониби мақомот дар ин муддат дар ҳудуди навоҳии минтақаи Кӯлоби вилоят 393 кг 766 грамм мухаддирот аз гардиши ғайриқонунӣ гирифта шуда, дар 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ 367 бӯтаи хашхоши ҳиндӣ маҳв карда шуд.
XS
SM
MD
LG