Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Туркия вориди шимоли Ироқ шуд


Имрӯз садҳо сарбозону афсарони артиши Туркия бо қасди анҷоми як амалиёти низомӣ вориди шимоли Ироқ шуданд. То ҳол дар бораи задухурди ин неруҳо бо мусаллаҳони курди мустақар дар ин минтақа иттилоъ нарасидааст. Мақомоти вилояти Курдистони Ироқ алайҳи вуруди низомиёни турк эътироз карданд.

Охири ҳафтаи гузашта ҳавопаймоҳои Туркия мавқеъҳои ҷудоихоҳон аз Ҳизби Коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро бомбборон карданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, дар ин ҳодиса як зан кушта шудааст.

Имрӯз Том Кейсӣ, намояндаи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ки кишвараш аз таҳдидҳои Ҳизби Коргарони Курдистон барои Туркия, Ироқ ва Амрико нигарон аст ва истифода аз ҳама имконот барои мубориза бо ин таҳдидро муҳим мехонад. Ва аммо, афзуд ӯ, Вошингтон хостори ҳамоҳангсозии қарини амалҳои Ироқ, Туркия ва Иёлоти Муттаҳида дар ин мавзӯъ аст.

XS
SM
MD
LG