Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди кишварҳо


Муҳоҷирони кории тоҷик дар яке аз саҳроҳои кишоварзии вилояти Волгогради Русия
Муҳоҷирони кории тоҷик дар яке аз саҳроҳои кишоварзии вилояти Волгогради Русия

Бунёди байнулмилалии рушди кишоварзӣ дар як гузориши ахиран интишордодаи худ таъкид намудааст, ки пулҳои аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба ватанҳояшон интиқолшуда дар буҷаҳои ин кишварҳо нақши муҳим мебозанд.

Бар тибқи ин гузориши ин ниҳоди вижаи СММ, соли 2006 150 миллион муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллари амрикоиро ба хонаводаҳояшон, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба сар мебаранд, фиристодаанд, ва, дар ҳоле, ки ин маблағҳо барои чандин наслҳо манбаъи муҳимми даромад мешуданд, дар бештари мафорид мутахассисон ба ин сарчашмаи пулӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекарданд ва ҳатто онро сарфи назар мекардаанд.

Аммо ҳоло ки муҳоҷират афзоиш меёбад, вазъ ба кулли тағийр ёфта ва дар тамоми ҷаҳон ба маблағҳои интиқолии муҳоҷирон таваҷҷуҳ рӯз то рӯз бештар мешавад. Муаллифони гузориш менависанд, аҳаммияти пулҳои интиқолиро ҳоло ҳамаи кишварҳои дар ҳоли рушд дарк мекунанд. Ин пулҳо манбаъи муҳимми арзи хориҷиро барои он кишварҳо ташкил дода, мустақиман ба дасти миллионҳо хонаводаҳо мерасад, ки 10 дарсади аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд. Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки ин маблағҳо дар коҳиши камбизоатӣ нақши намоёнро мебозад ва ҳамзамон ба рушди иқтисодии он кишварҳо таъсири бузурги мусбат мегузорад.

Муаллифон ба хотири истифодаи беҳтари пули муҳоҷирон тавсия додаанд, то қиммати ирсоли пул коҳиш дода шавад ва маблағҳои онҳо бештар ҳамчун сармоя барои рушди кишварҳо хизмат кунанд. Дар гузориш аз Тоҷикистон ҳам ёдовар шудааст, ки бисёре аз ҷавонони ин кишвар ба Русия ва Қазоқистон барои мардикорӣ мераванд ва маблағҳое, ки онҳо мефиристанд беш аз 30 дар сади даромади кишварашонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG