Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба вазъи гуштии самбо дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Сарахон Эмомов, саркотиби мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии самбо, зимни сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин мусобиқот муайян кардани ҳайати дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон буд, ки шарафи кишварро соли оянда дар мусобиқоти байнулмилалӣ ҳимоя хоҳанд кард. Ин мусобиқот бори дигар собит сохт, ки ҷавонон ба ин навъи варзиш дар манотиқи мухталифи кишвар таваҷҷӯҳи зиёд доранд.

Вай афзуд, вале барои машқи онҳо шароити хуб фароҳам нест, толорҳои варзишии замонавӣ мавҷуд нестанд ва ҳатто дар пойтахти кишвар ягон толори махсусе вуҷуд надорад, ки барои гузаронидани сабқати байнулмилалӣ комилан ҷавобгӯ бошад.

Далер Мусофиров, қаҳрамони Осиё ва Тоҷикистон дар соли 2007, дар ин робита ба чунин мушкилот гуфт, мутаассифона, ба иллати набуди маблағ мо дар мусобиқоти байнулмилалӣ хеле кам ширкат меварзем. Инчунин имсол, ба иллати саривақт нагирифтани раводид барои сафар ба Ҷумҳурии Чех, аз ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шудем.

Мураббии варзидаи тоҷик Усто Устопиров перомуни ин мавзӯъ чунин ибрози назар кард, ки агар шогирдони мо тӯли як сол камаш дар 10-12 мусобиқоти бонуфуз ширкат варзида, таҷоруби хуби байнулмилалӣ касб намоянд, бешак, дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG