Пайвандҳои дастрасӣ

Тааҳуди кӯмаки азим ба Фаластиниён


Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамоише дар шаҳри Пориси Фаронса аҳд доданд, ки ба Фаластиниён дар ҳаҷми тақрибан ҳафтуним миллиард доллар кӯмак хоҳанд кард. Нахуствазири Фаластиниён Салом Файод дар ин ҳамоиш тақозо кард, то ҷомеаи байналмилал барои иқтисоди кишвари мустақили Фаластиниён то соли 2010 беш аз панҷуним миллиард доллар кӯмак кунад. Дар конфронси мазкур гуфта шуд, ки ҳудуди 3 миллиарду 400 миллион доллар бояд дар соли оянда барои иҷрои барномаи эҳёи иқтисодии Ташкилоти Худгардони Фаластин ихтисос дода шавад.
XS
SM
MD
LG