Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ шоҳиди ҳамлаҳои нав шуд


Дар ҳамлаву бомбгузориҳо дар манотиқи мухталифи Ироқ рӯзи душанбе дасти кам 46 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Мосул воқеъ дар чаҳорсардкилометрии шимоли шаҳри Бағдод дар ҷараёни ду ҳамла ду нафар ҷони худро аз даст доданд ва дар айни ҳол дар наздикии шаҳри Бақуба 60 километрии шимолушарқи Бағдод панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Ва дар ноҳияи Диёлои Ироқ сарбозон ва кормандони пулис 35 нафар шӯриширо нобуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG