Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Буш ба интиқоли ураниум ба Эрон


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи душанбе гуфт ирсоли сӯхти ҳастаии Русия ба Эрон имкон медиҳад, то ҷомеаи байналмилал баландпарвозиҳои атомии Эронро фуру нишонад. Аммо гуфт, Ҷорҷ Буш ҷомеаи байналмилал бояд Эронро моил кунад, то ин кишвар аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум даст кашад: "Имрӯз Русия миқдоре аз ураниуми ғанисозишударо барои кумак ба реактори сулҳомези ҳастаии Эрон фиристод. Агар чунин бошад, ва агар Русия хоҳони чунин бошад, ман аз он ҳимоят мекунам. Дар ин ҳол пас ба Эрониҳо омӯхтани шеваи ғанисозии ураниум лозим нест."
Вале як мақоми давлати Эрон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, кишвараш таҳти ҳеҷ шароите фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф нахоҳад кард. Русия рӯзи душанбе эълом кард, ки интиқоли сӯхти атомӣ барои нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳри Эронро шӯруъ кардааст. Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад. Иддаъое, ки пайваста аз сӯи Эрон рад шудааст.
XS
SM
MD
LG