Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав аз бӯҳрон дар Косово ҳушдор медиҳад


Вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати эълони якҷонибаи истиқлолият аз сӯи Косово ин минтақа ба бӯҳрони берун аз назорат мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар як изҳороти имрӯз пахшкардаи вазорат гуфта шудааст, ки "Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аз талошҳои ҷудоихоҳонаи Косово пуштибонӣ мекунанд ва натоиҷи гуфтушуниди миёни Сербия ва Косоворо нодида мегиранд".

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки ҳуқуқҳои сербҳо дар Косово ҳимоят намешаванд. Вазорати хориҷаи Русия ҳадс мезанад, ки истиқлоли Косово дастаке хоҳад шуд барои ҷудоихоҳон дар кишварҳои гуногуни олам.
Русия аз Сербия пуштибонӣ мекунад, ки ба мустақилият ва берун рафтани Косово аз ҳайати ин кишвар комилан мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG