Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳкими чораҳои амниятӣ дар ҳаҷҷи акбар


Ҳамчун яке аз панҷ рукни ислом, ҳаҷҷ барои зоири хонаи худо шояд саршортарин ва фаромӯшнопазиртарин амал дар зиндагияш бошад. Ҳилмӣ Ҳусейн, канадагии ироиқиасл, ки имсол сафари ҳаҷҷ насибаш гаштааст, мегӯяд: "Ман ин ҷо эҳсоси олие дорам. Ин имконияти бузургест барои ман, ки яке аз зоирон бошам. Имсол наздик ба севуним миллион нафар ба ҳаҷҷ омадаанд ва мо бо ҳамем то яке аз фарзҳои муҳими исломро ба ҷо орем."

Сафари ҳаҷҷ барои зоирон ҳамчунин як озмоиши сахтест. Онҳо ҳаёти худро ба худо месупоранд ва орзу мекунанд, ин охирин сафари онҳо бошад ва дар хоки муқаддас дафн шаванд. Ҳамоиши шумораи бузурги зоирон хатарҳои гуногунеро ба миён меорад. Монанди зери пои издиҳом мондан, ба бемориҳои вогир печидан, аз сӯхтор ва хушунатҳо кушта ё захмӣ гаштан ва ғайра. Мақомоти Арабистони Саъудӣ бо умеди пешгирӣ аз ҳалокати теъдоди зиёди зоирон чораҳои амниятиро тақвият додаанд. Вазири умури хориҷии Саъудия, шоҳзода Ноиб бин Абдулазиз гуфт, ин чораҳо бо мақсади таъмини амнияти зоирон пиёда шудаанд. Вай мегӯяд, ҳамаи зоирон бояд ба қоидаҳои макони муқаддас итоат кунанд ва ба хонаи худо осебе нарасонанд. "Мо аз ҷониби худ ин маконро ҳифз мекунем ва амнияти зоирону кишварамонро низ." Дар ҳаҷҷи соли 2006-ум 364 нафар зери мо монда, ба ҳалокат расиданд. Ин беназмӣ дар Пули Ҷумрот рӯй дод, ки зоирон ба он ҷо барои санг задани рамзи иблис гирд меомаданд. Мақомоти Арабистони Саъудӣ ин мавзеъро бозсозӣ карданд. Журналисти афғон, Ҳабиб Иброҳимӣ, ки низ дар сафари ҳаҷҷ аст, аз Мино ба воситаи телефон мегӯяд, ҳоло убури издиҳом аз ин маҳал тавре танзим шудааст, ки аз танба ва бархӯрди зоирон пешгирӣ ба амал ояд: "Ҳоло ин ҷо се табақа аст. Ҳоҷиёне, ки аз Макка меоянд, аз табақаи аввал мегузаранд ва онҳое ки аз Муздалифа ва Арафот меоянд, аз табақаи дувум. Ҳамчунин афроди дигар аз табақаи савум рад мешаванд." Мақомоти Арабистони Саъудӣ мегӯянд, аз гузаргоҳҳои нав дар як соат то 200 ҳазор нафар гузашта метавонад.

Дар ҳоле ки президентҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷҷи худро асосан дар мавсими берун аз ҳаҷҷ анҷом додаанд, имсол президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод яке аз зоирони қаторист. Мақомоти Эрон имсол ҳамчунин ба ҳамсояи худ, Туркманистон пешниҳод карданд, ки зоирони туркман бо автобус аз тариқи Эрон ба Саъудия сафар кунанд. То ҳол чунин сафар барои туркманҳо мамнӯъ буд. Ин қоида ба зоирони тоҷик низ дахл дорад ва онҳо се сол аст, ки танҳо бо ҳавопраймо метавонанд ба Саъудия сафар кунанд. Имсол садҳо орзуманди тоҷик аз сафари ҳаҷҷ маҳрум гардид. Гуфта мешавад, ба онҳо раводиди сафар дода нашуд. Чунин ҳолат дар Афғонистон низ ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG