Пайвандҳои дастрасӣ

Путин омодааст, сарвазир шавад


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, эълон кард, ки дар сурати ба ҳайси раисҷумҳури нав интихоб шудани Дмитрий Медведев, омодааст, сарвазир шавад.

Вай имрӯз, 17 декабр, дар нишасти ҳизби «Русияи воҳид» иброз дошт, ки «агар шаҳрвандони Русия ба Дмитрий Медведев эътимод кунанд ва ӯро ба ҳайси раисҷумҳур интихоб намоянд, ман омодаам раёсати ҳукуматро бар уҳда бигирам».

Владимир Путин дар ин ҷаласаи ҳизбӣ худ шахсан аз ҳизби «Русияи воҳид» даъват намуд, ки номзадии Дмитрий Медведевро дар интихоботи раёсати ҷумҳури Русия пешниҳод кунад.

Ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» ва якчанд аҳзоби дигари ин кишвар як ҳафта қабл дар якҷоягӣ номзадии Дмитрий Медведев, феълан муъовини сарвазири ин кишварро ба мақоми раисҷумҳур пешниҳод намуда буд ва Владимир Путин аз ин тасмим истиқбол кард. Дар нишасти имрӯзаи ҳизби «Русияи воҳид» номзадии Дмитрий Медведев расман ироъа гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG