Пайвандҳои дастрасӣ

Як ширкати чиноӣ ба бозсохти корхонаи маъдани Олтинтопган, воқеъ дар 110 килjметрии шимоли Хуҷанд, ва дар заминаи он ба бунёди як корхонаи нави истеҳсоли сурбу руҳ оғоз кард. Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи раиси ҳукумати Суғд, гуфт, ширкати чиноии «China Global New Technology Export & Import» ба ин хотир 30 миллион доллар маблағ ихтисос додаст.

Ба гуфтаи масъулини бахши саноати ҳукумати Суғд, ин корхонаи нави чиноӣ дар Суғд дар ибтидои соли 2009 шурӯъ ба фаъолият хоҳад кард ва дар қадами аввал ба истеҳсоли 250 ҳазор тон маъдани софи сурб ва руҳ иқтидор хоҳад дошт, дар ниҳоят иқтидораш то беш аз 500 ҳазор тон маъдани мазкур афзоиш хоҳад ёфт.

Корхонаи маъдани Олтинтопган дар соли 1954–и мелодӣ дар мавзеъи ҳамсарҳад бо Узбакистон бунёд ёфта, ба тавлиди маъдани хом ихтисос дошт. Аммо коркарди ниҳоии он ва истеҳсоли маъдани сурб ва рӯҳ дар корхонаи Олмалиқи Узбакистон сурат мегирифт. Ба гуфтаи мутахассисин, Узбакистон дар соли 2000–ум ба далели поин рафтани нархи маъдани сурб ва руҳ дар бозори ҷаҳонӣ ҳамкориашро бо Тоҷикистон дар ин замина қатъ кард.

Наҷмидин Атаев, сардори шуъбаи саноати Суғд, гуфт, дар соли гузаштаи 2006 ширкати мазкури чиноӣ бо маблағи наздики дуввуним миллион доллар корхонаи маъдани Олтинтопганро харидорӣ кардааст. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар корхонаи маъдани Олтинтопган ҳудуди 200 нафар кор мекунанд ва баъди ба кор даромадани корхонаи нави истеҳсоли маъдани сурбу руҳ шумори кормандонаш то 1 ҳазор нафар хоҳад расид.

Зимнан, ба гуфтаи вай, қаблан ширкатҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида низ хостори сармоягузорӣ ба корхонаи Олтинтопган шудаанд, аммо чун барномаи онҳо танҳо тавлиди маъдани хоми сурбу руҳро дар назар доштааст, дархости онҳо аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта нашудааст.

Ба гуфтаи мутахассисин, Тоҷикистон ба ҷиҳати захираи маъдани сурб ва руҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Мутахассисин захираи ин навъ маъданро танҳо дар минтақаи Конимансур ва Олтинтопган дар шимоли кишвар зиёда аз як миллиард тон ҳисоб кардаанд.

Корхонаи маъдани Олтинтопган, ки ширкати чиноӣ харидорӣ кардааст, дуввумин корхонаи саноатӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аст, ки дар тӯли соли равон ба ихтиёри кишварҳои хориҷӣ мегузарад. Дар ибтидои соли равон саҳмияҳои корхонаи «Фулузоти нодир»-и Суғд, воқеъ дар канори Хуҷанд, аз ҷониби як ширкати австриягии «Stork Handelsges» сад дар сад харидорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG