Пайвандҳои дастрасӣ

Мошинҳои ростчанбар манъ мешавад?


Қурбонхон Сайидов, сардори раёсати амнияти роҳ дар вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон

Қурбонхон Сайидов, сардори раёсати амнияти роҳ дар вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тарҳи қонуни манъи мошинҳои ростфармон дар кишварро бо изофаи чанд пешниҳод барои тасвиб ба ҳукумат ироа кард.

Тарҳи ин қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳия шуда буд. Қурбонхон Сайидов, сардори раёсати амнияти роҳ дар вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз манъи ҳаракати худравҳое, ки фармонашон аз тарафи рост аст, риояти муқаррароти пазируфташуда дар кишвар аст, ки ҳаракатро дар ҷодаҳо аз тарафи рост иҷоза медиҳад. Аз ин рӯ истифодаи васоили нақлияи ростфармон дар роҳҳо ҳатто дар замони шӯравӣ низ расман номумкин буда, қавонини баъдан дар замони истиқлолият тасвибшуда низ дар ин масъала меъёрҳои пешинро ҳифз кардааст.

Аз тарафи дигар, афзуд оқои Сайидов, азбаски дар ду се соли ахир теъдоди мошинҳои ростфармон бештар шуда, боиси афзоиши садамаҳо низ гардидааст, акнун зарурати ҷилавгирӣ аз воридоти чунин мошинҳо ва таъкид кардани ин мавриди хос дар қонуни ҳаракати роҳ пеш омадааст.

Ҳарчанд масъулини вазорати нақлиёт ва мухобирот ва идораи бозрасии автомобилии Тоҷикистон зиёд шудани шумори худравҳои ростфармонро яке аз сабабҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар арзёбӣ мекунанд, аммо кадом омори дақиқ дар ин замина то ҳол нашр нашудааст. Ҳамин тавр мушаххас нашудааст, ки то кунун дар қаламрави Тоҷикистон ба чӣ теъдод аз чунин мошинҳо ворид шуда ва дар ҳоли ҳозир дар гардиш қарор доранд.

Аммо як нафар аз ронандагони мошинҳое, ки чанбари фармонаш аз тарафи рост аст, тасмими ҳукумат ҷиҳати манъи истифодаи чунин мошинҳоро ноодилона ва нақзи ҳуқуқи онон арзёбӣ кард. Ҳамчунин дар асоси тарҳи ба ҳукумати кишвар ироакардаи вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, шаҳрвандони зерри синни 21 ҳуқуқи рондани мусофирбарҳоеро, ки бештар аз ҳашт ҷойи нишаст доранд, аз даст медиҳанд.

Тарҳи қонуни мазкур дар ҳоле ба ҳукумати кишвар ироа мешавад, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон низ аз ба расмият даровардани асноди мошинҳои ростфармон даст кашидаанд. Қаблан истифодаи чунин нақлиёт дар кишварҳои ҳамосяи Қазоқистон ва Узбакистон низ манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG